Дар бораи ширкат
Гурӯҳи ширкатҳои ALFA аз соли 2004 инҷониб дар бозори маводҳои сохтмонӣ ва ороишӣ фаъолият мекунад. Дар ин муддат, бо шарофати менеҷменти дуруст, таъминоти маҳсулоти босифат ва хизматрасонии сатҳи олӣ, ширкат яке аз ҷойгоҳҳои пешсафро дар бозори сохтмонии Тоҷикистон ишғол намудааст.
Мо дар таъминоти яклухти маводҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ ихтисос дорем.
Ҳамкорони мо — ширкатҳои сохтмонӣ ва тиҷоратӣ, ширкатҳои сохтмонӣ-застройщик, корхонаҳо ва инчунин муштариёни хусусӣ мебошанд.
Мо ба мизоҷони худ интихоби васеи маводҳои сохтмонӣ ва таъмириро пешниҳод менамоем, ки ҳам барои сохтмончиёни касбӣ ва ҳам барои фармоишгарони инфиродӣ мувофиқанд.
Дар портфели шартномаҳои дилерии ширкати мо брендҳо ва истеҳсолкунандагони маъруф ҷой доранд, аз ҷумла: KNAUF, KNAUF INSULATION, CERRAD, KRONOSPAN, ROCKWOOL, POLCOLORIT, LAUFEN, VILLEROY & BOCH, HANSGROHE ва бисёри дигарон.
Афзалиятҳои Гурӯҳи ширкатҳои ALFA
АРЗОН!
Таъминот бевосита аз заводҳои истеҳсолӣ сурат мегирад, ки ба мо имконият медиҳад маҳсулотро бо нархи ҳадди ақал пешниҳод намоем.
ФАРОВОН!
Захираҳои анбории мо кофистанд, то ҳар як муштарӣ таъминоти устувор ва саривақтиро дарёфт намояд.
СУРЪАТНОК!
Ҳуҷҷатгузорӣ ва борбардорӣ бо иштироки кормандони касбӣ ва таҷҳизоти махсус дар муддати кӯтоҳ анҷом дода мешаванд.
БОСИФАТ!
Ширкати мо дар тӯли солҳои фаъолият худро ҳамчун шарики боэътимод нишон додааст. Дастаи мутахассисон вазифаҳои муштариро зуд ҳал мекунанд, маҳсулоти босифатро интихоб намуда, расонидани саривақтиро ташкил мекунанд. Бовар дорем, ки шумо боз чанд маротиба ба мо барои хариди маводҳои сохтмонӣ – ҳам яклухт ва ҳам чакана – муроҷиат хоҳед кард. Маҳз бо истифодаи маводҳои мо як қатор иншооти муҳим дар пойтахт бунёд ёфтааст.
РОҲАТ!
Сатҳи баланди хизматрасонӣ кафолат медиҳад, ки ҳар як муштарӣ ҳалли беҳтаринро ҳам дар интихоби мавод ва ҳам дар усули харид, пардохт ва расонидан пайдо кунад. Маҳсулоти мо аз ҷониби истеҳсолкунандагони боэътимод пешниҳод гардида, дорои сифати олӣ буда, ба тамоми меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.
ALFA – ин муносибати касбӣ ба сохтмон ва таъмир аст. Мутобиқ шудан ба ниёзҳои шумо – вазифаи касбии мост. Бо мо сохтмони шумо осонтар, боэътимодтар ва роҳаттар мегардад.
