ALFA

Гуруҳи ширкатҳои ALFA бо ҳадафи таъмин намудани одамон бо маводҳои муосир ва босифати сохтмонӣ фаъолият мекунад. Мо мехоҳем зиндагии шуморо роҳаттар ва хонаҳои шуморо зеботар созем. Барои ин танҳо бо истеҳсолкунандагони боэътимод ва сатҳи ҷаҳонӣ ҳамкорӣ мекунем. Мо ба пешсафӣ мекӯшем ва ифтихор дорем, ки молу хизматрасониҳои мо дар бозор яке аз беҳтаринҳо эътироф шудаанд. Дар доираҳои касбӣ номи ALFA рамзи боэътимодӣ, ифтихор, роҳат ва ҳамкории судманд аст.

Аз оғози фаъолият даҳҳо лоиҳаҳои муваффақ бо ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ амалӣ намудаем, аз ҷумла бо CODEST INTERNATIONAL (Италия), GENSLER (Англия), VINCI CONSTRUCTION (Фаронса), ENKA ва TURAS (Туркия), SINOHYDRO (Чин) ва дигарон.

Мо обрӯйи худро ҳамчун шарики боэътимод ва устувор қадр мекунем ва пайваста рушд намуда, мекӯшем, ки ба баландтарин меъёрҳои мизоҷон ҷавобгӯ бошем. Таҷрибаи солҳо имкон медиҳад бо итминон бигӯем: мо ба ҳар як муштарӣ натиҷаи кафолатнок пешниҳод мекунем.

Ҳадафи мо – фароҳам овардани шароити роҳат бо хароҷоти камтарин, то ҳамкорӣ бо ширкати мо барои шумо гуворо ва дарозмуддат бошад.

Номгӯйи маҳсулотҳо

Сантехникаи Jika

JIKA ҳамеша рамзи анъана ва сифат маҳсуб мешавад. Ин тамғаи маъруф беш аз 135 сол аст, ки равандҳои истеҳсоли маҳсулоти керамикиро такмил медиҳад. Корхонаи истеҳсолӣ дар шаҳри Бехине (Чехия) имрӯз яке аз муосиртарин майдонҳои истеҳсолӣ дар Аврупо ба ҳисоб меравад.

Имрӯз JIKA ба ҳайати Roca Group шомил аст – яке аз пешсафон дар истеҳсоли ҳалли комил барои ҳаммом. Дар моҳи сентябри соли 2006 дар Русия аввалин корхонаи истеҳсоли фарфори санитарӣ бо тамғаҳои JIKA ва Roca фаъол гардид. Баъдан, соли 2011 боз як корхона ифтитоҳ ёфт, ки ваннаҳои акрилии JIKA-ро ба бозор мебарорад.

Сантехникаи GROHE

GROHE як бренди ҷаҳонии сантехникӣ мебошад, ки қисми корпоратсияи байналмилалии LIXIL буда, зиёда аз 80 сол таҷрибаи таҳияи роҳҳои ҳалли муҳандисии инноватсиониро барои ҳаммомҳо ва ошхонаҳо дорад. Имрӯз GROHE ҳамчун пешвои ҷаҳонӣ дар технологияи об, кранҳо, системаҳои душ ва таҷҳизоти сантехникӣ эътироф шудааст ва стандарти сифат ва тарроҳиро дар ин соҳа муқаррар мекунад. Маҳсулоти GROHE мувофиқи принсипҳои муҳандисии олмонӣ сохта мешаванд, ки ба омезиши технология, устуворӣ ва дақиқии беайб таъкид мекунанд. Ҳамаи маҳсулот аз санҷишҳои ҳамаҷониба барои муқовимат ба фарсудашавӣ, бехатарии саломатӣ ва устувории дарозмуддат мегузаранд. Маҳсулоти GROHE ба стандартҳои қатъии байналмилалии сифат ва ҳифзи захираҳо ҷавобгӯ мебошанд.

Шарикони мо

Бурдарасонӣ

Ҳудуди шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд

Танҳо асл

Мо танҳо маҳсулотҳои оригиналро мефурӯшем. Ҳамчунин кафолат низ медиҳем.

Нархи беҳтарин

Арзонтар ёфтед? Ба мо хабар диҳед – мо боз ҳам арзонтар пешниҳод мекунем!

Ҳама намуд пардохтҳо

Пардохт бо корт, бо ҳисоби бонкӣ ё нақдӣ, инчунин имкони харид бо қарз тавассути корти “Салом” аз Алиф.

Alfa Trade

Афзалиятҳои мо сифати маҳсулоти фурӯхташуда, системаи мукаммали хизматрасонӣ ба мизоҷон, диапазон, эътимоднокӣ мебошанд.
Мизоҷони мо шарикони мо ҳастанд, ки мо бо онҳо муносибатҳои дарозмуддат дорем. Аз қабули дархостҳо cap карда, то расондани объектҳо!

Тамос бо мо

Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Қаҳҳорова 75, Мағозаи ALFA
Телефон:+992 919 000 386
Телефон:+992 44 600 62 26
Реҷаи корӣ Ҳаррӯз 09:00 - 18:00